SomonScriptDocsОбъектҳо ва массивҳо
Боби 7 • Объектҳо ва массивҳо

Объектҳо ва массивҳо дар SomonScript

Массивҳо барои нигоҳ доштани рӯйхати қиматҳо ва объектҳо барои нигоҳ доштани маълумоти мураккаб истифода мешаванд. Дар ин ҷо мебинем, ки чӣ гуна рӯйхати содда ва массиви объектҳоро созем.

1. Массиви содда бо номҳо

Аввал як рӯйхати оддии номҳо месозем ва онҳоро ба навбат ба экран мебарорем. Ин мисол ба хонандагон фаҳмонда медиҳад, ки индекс аз 0 оғоз мешавад.

Рӯйхати донишҷӯён

Массиви содда ва давраи барои барои чоп кардани ҳамаи номҳо.

example.som
// Рӯйхати номҳои донишҷӯён
тағ номҳо: сатр[] = ["Аҳмад", "Фотима", "Ҳасан"]; 

// Намоиши рӯйхат ба экран
чоп.сабт("=== Рӯйхати донишҷӯён ===");
барои (тағйирёбанда и: рақам = 0; и < номҳо.дарозӣ; и++) {
  чоп.сабт(номҳо[и]);
}
terminal
somon run objects-basic.som
=== Рӯйхати донишҷӯён ===
Аҳмад
Фотима
Ҳасан

2. Массиви объектҳо ва миёнаи бахоҳо

Акнун рӯйхати объектҳо месозем, ки ҳар кадом як донишҷӯро бо номи ӯ, синну сол ва бахо нишон медиҳад. Сипас миёнаи бахоҳо ҳисоб мекунем.

Массиви объектҳои донишҷӯён

Истифодаи массиви объектҳо барои нигоҳдории маълумоти синф ва ҳисоб кардани миёнаи бахоҳо.

example.som
// Рӯйхати объектҳои донишҷӯён
тағ донишҷӯён: объект[] = [
  { ном: "Аҳмад", синну_сол: 20, бахо: 4.5 },
  { ном: "Фотима", синну_сол: 19, бахо: 4.8 },
  { ном: "Ҳасан", синну_сол: 21, бахо: 4.2 }
];

// Намоиши рӯйхат ва ҳисоб кардани миёнаи бахоҳо
чоп.сабт("=== Рӯйхати донишҷӯён ===");
тағ ҷамъи_бахоҳо: рақам = 0;
барои (тағ и: рақам = 0; и < донишҷӯён.дарозӣ; и++) {
  тағ д: объект = донишҷӯён[и];
  чоп.сабт(д.ном + " (" + д.синну_сол + " сол) - Бахо: " + д.бахо);
  ҷамъи_бахоҳо = ҷамъи_бахоҳо + д.бахо;
}

тағ миёна: рақам = ҷамъи_бахоҳо / донишҷӯён.дарозӣ;
чоп.сабт("Миёнаи бахо: " + миёна);
terminal
somon run objects-students.som
=== Рӯйхати донишҷӯён ===
Аҳмад (20 сол) - Бахо: 4.5
Фотима (19 сол) - Бахо: 4.8
Ҳасан (21 сол) - Бахо: 4.2
Миёнаи бахо: 4.5

3. Машқҳо

Ин машқҳо мавзӯи объектҳо ва массивҳоро мустаҳкам мекунанд. Барои ҷавобҳои муфассал ба боби 7 нигаред.

  1. Массиве эҷод кунед, ки 10 адади тасодуфӣ дорад ва калонтарин ва хурдтарин ададҳоро пайдо кунед.
  2. Объекте барои автомобил созед бо хосиятҳо ва усулҳо (оғоз кардан, истодан, тезонидан) ва чанд маротиба онро истифода баред.
  3. Рӯйхати донишҷӯён бо номҳо ва бахоҳо эҷод кунед ва донишҷӯёни бо бахои болои 4.5 -ро ба экран чоп намоед.