Рақамҳо ва амалҳо
Дар ин дарс: бо рақамҳо ҳисоб мекунед: ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим.
Дарси 4
Дар ин дарс: бо рақамҳо ҳисоб мекунед: ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим.
Дар ин дарс: бо рақамҳо ҳисоб мекунед: ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим.
| Амал | Маъно | Мисол | Натиҷа |
|---|---|---|---|
+ | ҷамъ | 7 + 2 | 9 |
- | тарҳ | 7 - 2 | 5 |
* | зарб | 7 * 2 | 14 |
/ | тақсим | 7 / 2 | 3.5 |
1тағ нарх = 12;2тағ шумора = 3;3чоп("Ҳамагӣ:", нарх * шумора, "сомонӣ");4чоп("Нисф:", нарх / 2);
Дар SomonScript қисми касрӣ бо нуқта навишта мешавад: 3.5.
Мисли математика: аввал зарб ва тақсим, баъд ҷамъ ва тарҳ. Қавс тартибро иваз мекунад:
1чоп(2 + 3 * 4);2чоп((2 + 3) * 4);
1тағ тӯл = 8;2тағ бар = 5;3тағ масоҳат = тӯл * бар;4тағ периметр = 2 * (тӯл + бар);5чоп("Масоҳат:", масоҳат);6чоп("Периметр:", периметр);
5 - рақам, "5" - сатр. Бо рақамҳо ҳисоб мекунанд, сатрҳоро мепайванданд:
1чоп(5 + 5);2чоп("5" + "5");
Натиҷа: 10 ва 55. Ба ин фарқ диққат диҳед - он дар дарси «Вуруд» лозим мешавад.
2,5. Дар барнома 2.5 нависед.2(3 + 4). Лозим аст: 2 * (3 + 4).Дар як рӯз 24 соат, дар як соат 60 дақиқа, дар як дақиқа 60 сония ҳаст. Шумораи сонияҳои як рӯзро бо амалҳо ҳисоб карда, чоп кунед.
Вуруд: Нест.
Натиҷа: Як рақам.
Ҳавлӣ 12 метр тӯл ва 7 метр бар дорад. Масоҳат ва периметри онро ҳисоб кунед ва чоп кунед: Масоҳат: … ва Периметр: ….
Вуруд: Нест.
Натиҷа: Ду сатр: масоҳат ва периметр.
Дафтар 3 сомонӣ ва қалам 2 сомонӣ меистад. 5 дафтар ва 4 қалам харидем. Ҳамагӣ чанд сомонӣ пардохтем? Чоп кунед: Ҳамагӣ: ….
Вуруд: Нест.
Натиҷа: Ҳамагӣ: …